Акс: ИнтернетСурат: Радиои Озодӣ Сомонаи “Фараж” шикояти олимони Академия Илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистонро ба нашр расонидааст, ки олимон дар мавриди маҳалгароӣ хешутаборгароӣ ва ҷой доштани одамони тасодуфӣ дар Акдемияи илмҳо шикоят кардаанд. Вале масъулини Академияи илмҳо гуфтаанд, ин нафарон ба чандин зинаҳои дигар ҳам мактуби шикоятӣ навишта буданд ва ин масъала аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: ИнтернетСурат: Радиои Озодӣ
Сомонаи “Фараж” шикояти олимони Академия Илмҳои Ҷумҳури Тоҷикистонро ба нашр расонидааст, ки олимон дар мавриди маҳалгароӣ хешутаборгароӣ ва ҷой доштани одамони тасодуфӣ дар Акдемияи илмҳо шикоят кардаанд.
Вале масъулини Академияи илмҳо гуфтаанд, ин нафарон ба чандин зинаҳои дигар ҳам мактуби шикоятӣ навишта буданд ва ин масъала аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Як гурӯҳ аз олимони тоҷик ба рӯзномаи “Фараж” аз он шикоят кардаанд, ки барои соҳиб гардидан ба ин ё он унвону ҷоиза ҳамеша аз “омилҳои муҳим”, яъне шиносу маҳал ва хешу ақрабо кор гирифта мешавад.
Онҳо гуфтаанд, ки ин як баҳсест, ки ҳамеша вуҷуд дошт ва ками олимон барои баррасии он ҷуръат мекунанд.