Ба ҳамин монанд ҳамчунин аз баъзе навоҳии вилояти Хатлон низ ба “Аздо тв” хабар доданд, ки лимит як ҳафта боз ҷорист. Баъд аз эълони рафъи лимит танҳо як ҳафта барқ пурра буду халос. Пас аз як ҳафта боз лимитро ҷорӣ кардаанд.
Ҳамзамон имрӯз 25 декабр низ хабар расид, ки дар ВМКБ низ мардум аз ҷорӣ шудани лимит шикоят доранд.
Дар ҳамин ҳол яке аз пайвондони маҳбусон бо шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, “ҳатто дар зиндонҳои Тоҷикистон лимити барқ дигарбора ҷорӣ шудааст, маҳбусон хӯрокҳои хунук мехӯранд ва дар як шабонарӯз чанд бор барқ қатъ мешавад, ки ин мушкилии маҳбусонро бештар кардааст”.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.
Бино ба гуфтаи шоҳидон дар он кӯчае, ки як мансабдори баландпоя ва ё яке аз пайвандони Президент зиндагӣ мекунад, дар ҳама солу моҳ барқ вуҷуд дорад ва лимит ҳечгоҳ ҷорӣ намешавад.