Расонаҳои мустақили кишвар аз қавли мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ширкати TBEA-и Чин дар кони тиллои “Дуобаи шарқӣ”, ба истихроҷи тилло оғоз кардааст. Кони тиллои “Дуобаи шарқӣ” аз калонтарин конҳои тиллои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” моҳи августи соли 2012 тибқи як созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Расонаҳои мустақили кишвар аз қавли мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ширкати TBEA-и Чин дар кони тиллои “Дуобаи шарқӣ”, ба истихроҷи тилло оғоз кардааст. Кони тиллои “Дуобаи шарқӣ” аз калонтарин конҳои тиллои Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Конҳои “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло” моҳи августи соли 2012 тибқи як созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Чин ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузашта шуда буд.
Он замон гуфта мешуд, майдони умумии конҳо 15,4 км мураббаъ ва захираҳои собитшудаи тилло дар конҳо – 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ – 117,16 тоннаро ташкил медиҳад. Аммо дертар маълум шуд, ҳаҷми тилло дар ин конҳо 64 тонна буда ва мумкин аст аз ин ҳам зиёд бошад.
Мувофиқи ин созишнома ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро ба анҷом расонид. Аз ин ҳисоб танҳо 17 миллион доллараш саҳми Тоҷикистон аст. Маблағи боқимонда қарзи “Эксимбонк”-и Чин буда ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” гирифтааст.
Ахиран дар слои 2019 Вашингтон Пост аз ошкор шудани як қисми низомии чинӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва Чин ҳабар дода буд. Ҳиссаи назаррас аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 3,1 миллиард долларро ташкил медиҳад, ба кишвари Чин рост меояд.