Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетрасон дар бораи мушкилоти мавҷуда дар соҳаи алоқаи кишвар суҳбат кардааст.
Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ин мулоқот ба масъулин супориш додааст, то манотиқеро, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба алоқаи мобиливу интернет заиф аст, муайян кунанд ва барои омода намудани ҳисоботи мукаммал ба онҳо як ҳафта муҳлат додааст.
Қудои раисҷумҳур аз масъулин хоста, ки пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо, мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад.
Бег Сабур дар ин мулоқоташ аз арзон кардани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ гуфта, таъкид кардааст, ки “ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода мешавад, ки ҷиддан талош намоянд”.
Бино ба раддабандии Speedtest Global Index аз рӯйи суръати интернет Тоҷикистон дар байни 145 кишвари дунё дар мақоми 139-ум қарор дорад. Яъне, аз поёни рӯйхат дар ҷои 6-ум ҷойгир шудааст.
Инчунин раиси Хадамоти алоқаи кишвар аз арзу шикоятҳои зиёди муштариён дар масъалаи қатъ шудани алоқаи мобилӣ дар фасли сармо дар гӯшаву канори Тоҷикистон гуфта, барои бартараф намудани мушкилот ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик”-ро зарур хондааст.
Бег Сабур дар ҳоле гӯё даст ба кор шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бек Сабур, ки сардори Хадамоти алоқа ва масъули таъмини интернети бо сифат аст, дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад. Ҳамарӯза сокинони манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто Душанбе аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд.
Гуфта мешавад, Бег Сабури 61-сола қудои президент Эмомалӣ Раҳмон буда, 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад.
Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур, ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва ин боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.
Гуфта мешавад, Бег Сабур ба ғайр аз раҳбарияш дар яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, боз ҳамроҳи оилааш чандин тиҷоратҳоро, ба мисли сохтани хонаҳо дар даст дорад ва ба гуфтаи бархе шоҳидон, замоне ҳам дар бинои Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳо машғул буд, ки ин амалаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро барпо карда буд.