Як корманди давлатӣ, ки дар шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекарда, бо иттиҳоми “қаллобӣ” аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.
Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз дастгиршуда Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич ном бурда, қайд намуда, ки ӯ ҳамчун корманди шуъбаи мазкур аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номабурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ Ҳотамов Ш.Г. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.