Нишасти навбатии гурӯҳи кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон
Бино ба иттилои Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Аммо маълум нест, ки тарафҳо ба чӣ хулоса расиданд ва сари кадом нуқтаҳои баҳсии марз тавофуқ ҳосил карданд, Вазорати хориҷа инро шарҳ надодааст. Танҳо ҳамин гуфта мешавад, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд ва вохӯрӣ дар фазои […]
Пеш аз оғози даргириҳо ва баъд аз он ҳам бештари гуфту шунидҳои ҷонибҳо паси дарҳои баста мегузарад ва ё ҷузъиёти он ба расонаҳо шарҳ дода намешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 980 км марзи муштарак доранд, ки аз он 520 километраш муайян ва аломатгузорӣ шуда ва боқӣ 460 километри дигараш аломатгузорӣ нашудааст. Ва солҳост, ки дар ин нуқтаҳои муайян ва аломатгузоринашуда муноқишаҳо рух медиҳад.