Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ҳукуматаш дар мавриди беш аз 50 дарсад таъйин ва аломатгузорӣ намудани марз бо мақомоти Тоҷикистон тавофуқ кадааст. Акс: Интернет Президент ин суханҳои худро 30-уми август зимни мулоқот бо корпусҳои дипломатии муқими Қирғизистон ва созмонҳои байналмиллалӣ ба муносибати 30-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвараш иро кард. Ҷабборов гуфта, ки баъд аз ба […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфт, ҳукуматаш дар мавриди беш аз 50 дарсад таъйин ва аломатгузорӣ намудани марз бо мақомоти Тоҷикистон тавофуқ кадааст.
Акс: Интернет
Президент ин суханҳои худро 30-уми август зимни мулоқот бо корпусҳои дипломатии муқими Қирғизистон ва созмонҳои байналмиллалӣ ба муносибати 30-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвараш иро кард.
Ҷабборов гуфта, ки баъд аз ба даст овардани истиқлол ин кишвар солҳои 1996 ва 1999 марзҳои худро бо Чин ва соли 2001 бо Қазоқистон мушаххас кардааст, аммо бо Тоҷикистон ва Узбекистон ҳанӯз барои демократсия ва делимитатсия музокирот идома дорад.
“Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Ӯзбекистон фаъолона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ идома дорад. Музокирот бо Тоҷикистон низ шиддат гирифта, барои беш аз 50 дарсади марзҳо мувофиқа ҳосил шудааст. Барои ҳалли масъалаи марз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд қарори сиёсӣ қабул кунанд ва музокиротро дар асоси принсипи эҳтироми тарафайн идома диҳанд “, – мегӯяд Содир Ҷабборов.
Аммо дар мавриди таъйини 50 дарсади марз ба мувофиқа расидани ҳукуматҳоро то ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва ё гурӯҳи кории музокиракунанда чизе нагуфтаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин миқдор 519 километраш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 461 километри дигар аломатгузорӣ нашудааст, ки дар хеле мавридҳо муноқишаҳо сари нуқтаҳои мушаххаснашуда сарз мезанад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.