Шаш тан аз маҳбусони фаластинӣ, ки дар зиндони Исроил нигаҳдорӣ мешуданд, бо кандани нақби зери заминӣ аз зиндон фирор карданд.
Фирори 6 фаластинӣ аз зиндони Исроил
Шаш тан аз маҳбусони фаластинӣ, ки дар зиндони Исроил нигаҳдорӣ мешуданд, бо кандани нақби зери заминӣ аз зиндон фирор карданд. Бино ба гузориши шабакаи хабарии Бо вуҷуди он, ки зиндон мустаҳкам буда ва сахт муҳофизат мешавад, шаш маҳбус тавонистаанд аз он фирор кунанд ва мақомоти Исроил бо иштироки чархболи полис, дар ҳол пас аз маълум […]
Гуфта мешавад, ки 4 нафар аз маҳбусони фарорӣ ба ҳабси абад маҳкум будаанд ва як нафари онҳоро Исроил дар ҳамла ба қароргоҳи ҳизби Ликуд дар Бейт Шеан дар соли 2002, ки дар он 6 исроилӣ кушта шуда буд, гунаҳкор медонад.
Гуфта мешавад, зиндони “Ҷалбуъ” аз мустаҳкамтарин зиндонҳои Исроил ба ҳисоб меравад. Исроил 4850 асири фаластинӣ дорад, ки байни онҳо 41 зан, 225 кӯдак ва 540 муҳбусони маъмурӣ вуҷуд дорад.