COVID-19: Эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон
Кӯдакон дар Тоҷикистон зидди Covid-19 эм карда мешаванд. Дар ин бора “Акс аз: RG.RU Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфта, ки масъалаи эмкунии кӯдакаон зидди коронавирус дар вазорат фаъолона баррасӣ мешавад. Вазорат дақиқ нагуфтааст, ки аз кай эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон оғоз мегардад ва инчунин синну соли кӯдаконе, ки бояд зидди […]
Дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон ваксина гирифтан барои шаҳрвандони аз 18-сола боло роҳандозӣ шуд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, то рӯзи 16 сентябр 2 млн 231 ҳазор нафар зидди коронавирус ваксин гирифтаанд, ки ин миқдор 38,3 дарсад аз шумори умумии аҳолии синни аз 18-сола болоро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон дар чанд марҳила беш аз 2,5 млн воя ваксинаҳои гуногун ворид гардидааст. Айни замон дар кишвар ба шаҳрвандон аз ваксинаҳои “Modern”-и Амрико, “AstraZenica”-и кишварҳои аврупоӣ, “CoronaVac”-и чинӣ ва ғайра зада мешавад.