Имрӯз, 20-уми сентябри соли равон як ҷавони 18-сола ба донишгоҳи Перми Русия бо туфанг ҳамла кард, дар пайи ин ҳамла мусалаҳона ба донишгоҳи Перм 8 нафар ҷонашонро аз даст доданд.
Акс: ИнтернетРасонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки ин ҳамла субҳи имрӯз соати 11 ба вақти маҳал рух додааст ва як ҷавони 18-сола, ки аз ӯ Темур Бекмансуров ёд мешавад, бо туфанг ба донишгоҳи Перм ҳамала мекунад.
Фарди муттаҳам пештар дар листи сиёҳ ё таҳти назорат набудааст ва ин чунин ба ягон гурӯҳи экстримити шомил набудааст. Темур Бекмансуров дар аввал мехостааст ба мактабе, ки аз он фориғтаҳсил шудааст, ҳамла кунад, вале тасмим мегирад ба донишгоҳе ҳамла кунад, ки касд доштааст дар онҷо дар риштаи ҳуқуқ дарс бихонад.