Хабар УМУМӢ

Қирғизҳо хонандаҳои тоҷикро сангборон карданд

Сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон карда, дар натиҷа вазъи саломатии ду донишомӯз дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад. Акс: ИнтернетАкс аз Азия Плюс Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Спутник” гуфтааст: “Ҳодиса соатҳои 11-и 23-уми сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд.” Ба […]

Сокинони Қирғизистон донишомӯзони мактаби рақами 64-и шаҳри Исфараро сангборон карда, дар натиҷа вазъи саломатии ду донишомӯз дар бемористон вазнин арзёбӣ мешавад.

Акс: Интернет
Акс аз Азия Плюс

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба “Спутник” гуфтааст:

“Ҳодиса соатҳои 11-и 23-уми сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд.”

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса ҳамчунин Ҷӯрабой ном сокини 31-солаи деҳаи Сомониён ва як тифли дигар ҳам ҷароҳат бардоштанд.

Ин ҳодисаи сангборон кардани хонандагони мактаби рақами 64-и дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара рух дода, дар натиҷа дасти кам 4 нафар: ду хонандаи мактаб, як тифл ва як сокини 31-сола ҳам захмӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамтоёни худро дар раисони Ботканду Оқсӯи Қирғизистонро аз ин ҳодиса огоҳ карда, қазияро дар якҷоягӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Мавзӯъҳои марбут