Кафшҳои варзишии баскетболбози машҳур Майкл Ҷордан дар як музояда (ауксион) ба маблағи рекордии 1,47 миллион доллар фурӯхта шуд. Акс: Интернет Бино ба гузориши BBC, рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Лас-Вегас музояда баргузор гардид, ки дар он як ҷуфт кафшҳои варзишии сурх ва сафеди “Nike Air Ships 1984” бо имзои соҳибаш Майкл Ҷордан, аз ҷониби коллексионери […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Кафшҳои варзишии баскетболбози машҳур Майкл Ҷордан дар як музояда (ауксион) ба маблағи рекордии 1,47 миллион доллар фурӯхта шуд.
Акс: Интернет
Бино ба гузориши BBC, рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Лас-Вегас музояда баргузор гардид, ки дар он як ҷуфт кафшҳои варзишии сурх ва сафеди “Nike Air Ships 1984” бо имзои соҳибаш Майкл Ҷордан, аз ҷониби коллексионери маъруф Ник Фиорелла ба маблағи 1,47 миллион доллар харида шуд. Ин баландтарин нархи пойафзол дар таърихи варзиш аст.