Хабар
УМУМӢ
Вокуниши Эрон ба гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар
Акс: Интернет Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эрон аз афзоиши саркӯб, эъдом ва қарор гирифтани поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон дар мансабҳои болотар интиқод кардааст. Ба Ҷовид Раҳмон, гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон Гузориши Ҷовид Раҳмон бо вокуниши тунди Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар Созмони Миллали Муттаҳид ва […]
Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид карда, ки барои мисол “барои гузоришгар вижа рӯшан кардаем, ки муҷозоти эъдомҳо танҳо барои шадидтарин ҷиноятҳо ва пас аз тайи як фароянди комилан қонунӣ ва мутобиқ бо қавонин эъмол мешавад. Мо барои ӯ равшан кардем, ки ановине монанди мудофиони ҳуқуқи башар ё ба истилоҳ дутобеиятиҳо наметавонад муҷиби масунияти онон ба унвони муҷрим шавад. Талошҳо ва назароти Ҷумҳурии исломии Эрон барои равшан сохтани гузоришгари вижа мутассифона бо бетаваҷҷуҳии вай рӯ ба рӯ шудааст.”
Гуфтанист, Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон таъйин шуда солҳост дар ин мақом кор мекунад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ба хусус кишварҳои дорои режимҳои худкома ба мисли Тоҷикистон хубтар аз Эрон нест ва дар мақарри ниҳодҳои байналмилалӣ ба мисли СММ ин кишварҳо ҳеч гузоришгари вижае дар умури ҳуқуқи башар надоранд. Эрон ҳам ба ин далел, тахсиси гузоришгари вижа дар хусуси ҳуқуқи башари ин кишварро аз ҷониби СММ дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста мегӯяд, ки ҳадаф аз таъйин он камрангтар нишон додани муваффақиятҳои ин кишвар ва барҷаста сохтани камбудҳои он мебошад.