Хабар УМУМӢ

Тоҷикистон дар як сол 83 млн доллар кумаки башардӯстона гирифтааст

Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан ба маблағи 83 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид гардидааст. Акс: Интернет Ин кумакҳо аз 58 кишвари ҷаҳон ворид гашта, дар даҳ моҳи гузашта беш аз 82 миллиону 550,7 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли қабл тақрибан ду баробар бештар аст. Соли гузашта дар […]

Аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан ба маблағи 83 миллион доллар кумаки башардӯстона ворид гардидааст.

Акс: Интернет

Ин кумакҳо аз 58 кишвари ҷаҳон ворид гашта, дар даҳ моҳи гузашта беш аз 82 миллиону 550,7 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли қабл тақрибан ду баробар бештар аст.

Соли гузашта дар ин давра ба ҷумҳурӣ 8,7 хазор тонна кумаки башардӯстона ворид гардида, маблағи умумии он 41 миллиону 700,4 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ бошад, ба кишвар беш аз 24,8 ҳазор тонна кумакҳои башардӯстона ворид шудааст.

Гуфтанист, кумакҳое, ки дар давоми ин даҳ моҳ ба кишвар ворид гаштааст, аз қабили орд, равғани растанӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра мебошанд.

Бештари ин кумакҳо ба се кишвари кумакунандаи асосии Тоҷикистон, Чин – 31,6%, ИМА – 14,5% ва Русия – 10,8% рост меоянд.

Мавзӯъҳои марбут