Тибқи омори расмӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 51 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ сафар кардааст.
Акс: ИнтернетБа гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва татбиқи сиёсати муҳоҷират Алексей Силкин, дар ин давра теъдоди муҳоҷирони хориҷие, ки аз гузаргоҳҳои Санкт-Петербург вориди Русия шудаанд, аз 352 ҳазор нафар гузаштааст. Ин рақам 131 ҳазору 789 нафар ё 59,8% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Аз ин шумораи муҳоҷирон, шаҳрвандони Ӯзбакистон – 127 ҳазору 144 нафар, Тоҷикистон – 51 ҳазору 76 нафар ва Қирғизистон – 31 ҳазору 87 нафарро ташкил медиҳанд.