Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон имрӯз 10-декабр дар Кобул гуфт, ки ДОИШ дигар барои Афғонистон ҳамчун нерӯи таҳдидгар маҳсуб намешавад.
Акс: ИнтернетБа гузориши шабакаи Телевизиони яки Афғонистон, сухангӯи Толибон гуфта, ки дар се моҳи гузашта беш аз 670 ҷангҷӯи гурӯҳи ДОИШ-ро дар нуқоти гуногуни кишвар боздошт кардаанд. Ӯ таъкид карда, ки ДОИШ дигар таҳдиде барои Афғонистон нест.
Ин суханони Забиҳуллоҳи Муҷоҳид дар ҳолест, ки худи ҳамин рӯз дар Кобул таркише рух дод, ки ба эҳтимоли зиёд амали террористӣ аст. Гуфта мешавад, бомб дар микроавтобус ҷогузорӣ шуда буд ва ба гузориши манобеи хабаргузории “Омоҷ” чанд нафар низ бар асари он ҷон бохтанд. Муълумоти расмӣ то ҳол нашр нашудааст.