Хабар УМУМӢ

Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон

Фардо, 4- уми январ аз оғози муносибатҳои дипломатӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Чин 30 сол пур мешавад. Акс: Интернет Имрӯз, 3-уми январи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин […]

Фардо, 4- уми январ аз оғози муносибатҳои дипломатӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Чин 30 сол пур мешавад.

Акс: Интернет

Имрӯз, 3-уми январи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид шуд, ки  “Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки  4-январи 1992  истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кард ва ин  имкон дод, то  дар муддати кӯтоҳтарин муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор карда шаванд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расиданд.”

Ҷонибҳо дар ин мулоқот таъкид карданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф ва тавофуқоти дуҷонибаро дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ давом медиҳанд.

Сафари намояндаи вежаи Шӯрои давлатии Ҷумҳурии  Мардумии Чин оид ба масъалаҳои АвруОсиё Ли Хуэй ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақа баргузор гардид.

Мавзӯъҳои марбут