Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев изҳороти раҳбари Беларус Александр Лукашенкоро, ки гуфта буд, бояд Узбекистон аз ҳодисаҳои дар Қазоқистон рухдода дарс гирад, беасос хонд. Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Узбекистон Шерзод Асадов хабар додааст.
Акс: ИнтернетМирзиёв дар посух ба изҳороти Лукашенко гуфт, ки ”Чанд рӯз пеш изҳороти беасос аз ҷониби раҳбарони бархе аз давлатҳо садо дод, ки Узбекистон бояд аз ҳодисаҳои дар Қазоқистон рухдода сабақ бигирад. Мо вазъи минтақа, тамоми чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти онро бодиққат пайгирӣ дорем ва тамоми потенсиалу қудрати заруриро дорем, ки ба ҳамагуна таҳдид вокуниш нишон диҳем.”
Изҳороти Александр Лукашенко рӯзи 10 январ дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД садо дода буд.