Хабар УМУМӢ

Муҳоҷири тоҷик: То маошамро надиҳад аз болои пул поин намефароям!

Як муҳоҷири 46-солаи тоҷик рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Маскав бар болои пули Қрим баромада, таҳдиди аз болои он ҷаҳиданро карда аст. Дар ин бора moslenta.ru хабар медиҳад. Акс: Интернет Пулис ва наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷойи ҳодиса омада буданд, муҳоҷири тоҷикро ҳудуди 2 соат даъват кардаанд, ки ба поин фарояд. Аммо муҳоҷир ба онҳо гуфтааст, […]

Як муҳоҷири 46-солаи тоҷик рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Маскав бар болои пули Қрим баромада, таҳдиди аз болои он ҷаҳиданро карда аст. Дар ин бора moslenta.ru хабар медиҳад.

Акс: Интернет

Пулис ва наҷотдиҳандагоне, ки ба ҷойи ҳодиса омада буданд, муҳоҷири тоҷикро ҳудуди 2 соат даъват кардаанд, ки ба поин фарояд. Аммо муҳоҷир ба онҳо гуфтааст, ки то корфармо маошашро ба корти бонкияш нагузаронад аз болои пул поин намефарояд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки баъд аз пофишории зиёди муҳоҷири тоҷик маблағи муайяншударо ба суратҳисобаш гузарониданд ва сипас ӯро аз болои пул поин карданд.

Нисбати ин марди 46-сола, ки номаш оварда нашудааст, бо моддаҳои “майдаавбошӣ” ва “вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё низоми иқомат” протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Назари худи ин муҳоҷир дастраси расонаҳо нашудааст.

Мавзӯъҳои марбут