Сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Толибон гуфта, ки нерӯҳои пешмаргаи онҳо дар марзҳои Тоҷикистону Узбекистон ҷобаҷо шуда, “дар сурати кӯчактарин таҳдид аз сӯи ҳар кишвари ҳамсоя амали барқосо хоҳанд кард.”
Акс: ИнтернетФасеҳуддин Фитрат,
Пеш аз ин Толибон эълон карда буд, ки “10 ҳазор артиши муқтадир ва то дандон мусаллаҳ бо мудернтарин таҷҳизоти системи НАТО ва Амрико дар вилоёти Шимол ва Шимолу Шарқ ҷо ба ҷо” хоҳанд шуд. То ҳол Тоҷикистону Узбекистон ба ин таҳдидҳои ахири Толибон расман вокуниш нишон надодаанд.