Зеленский: аз ҳамлаҳои Русияи ғосиб аз худ ва Ватан дифоъ кунед
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина субҳи 25-уми феврал дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки дифоъ аз худ ва Ватани худро аз ҳамлаҳои Русия идома диҳанд. Акс: Интернет Ӯ аз Русия кишвари ғосиб ном бурда, шаҳрвандонашро барои ҳимояти кишвараш аз ҳамлаҳои низомӣ ташвиқ кард. Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, дар рӯзи аввали ҷанг бо […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина субҳи 25-уми феврал дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки дифоъ аз худ ва Ватани худро аз ҳамлаҳои Русия идома диҳанд.
Акс: Интернет
Ӯ аз Русия кишвари ғосиб ном бурда, шаҳрвандонашро барои ҳимояти кишвараш аз ҳамлаҳои низомӣ ташвиқ кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, дар рӯзи аввали ҷанг бо Русия 137 нафар укроинӣ бо шумули ҳарбиён ва мардуми мулкӣ кушта шуда, дастикам 316 нафар захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт, дар як воҳиди марзбонӣ дар вилояти Одесса ҳамаи афсарону аскарони он дар ҷанг бо низомиёни рус кушта шуданд. Зеленский ҳамаи кушташудаҳоро қаҳрамонони Украина номид ва гуфт ҳама ҳарбиёни кушташударо бо унвони “Қаҳрамони Украина” сарфароз мегардонад.
Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки “Украина маҷбур аст, танҳо аз худ дифоъ кунад, Русия ба таҳримҳои нав мутақоид нашуд то ҷангро бас кунад ва ҷаҳон аз дур нигоҳашро идома медиҳад.”
Зеленский дар идома бо боварӣ гуфт, ки дер ё зуд Русия маҷбур мешавад бо Украина вориди муколама шавад ва ҳар қадар зудтар ин гуфтугӯ оғоз шавад, талафоти худи Русия ҳамон қадар камтар мешавад.
Президенти Украина бомбаборони маҳаллаҳои истиқоматии шаҳри Киевро ба соли 1941 монанд кард.
Аз субҳи барвақти 24-уми феврал артиши Русия бо фармони Путин ба қаламрави Украина ҳамла мекунад. Гузоришҳо дар бораи тирборон ва бомбаборон кардани шаҳрҳои бузурги Украина вуҷуд доранд. Дар Донбасс, дар наздикии Харков ва дар Шимоли Украина, даргириҳо идома доранд.
Дар наздикии Киев, дар самти шимолу ғарб низомиёни украинӣ се пулро тарконданд, то гузариши нерӯҳои Русияро боздоранд. Дар ин бора хабаргузории “Украинская правда” бо такя ба манобеи худ аз Ситоди кулли Украина хабар додааст.
Шаби ҷумъа ба воҳиди марзии “Приморский посад” дар вилояти Запороже ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт. Хабаргузории “Интерфакс-Украина” бо истинод ба Хадамоти давлатии марзбонии Украина хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳамла марзбонон кушта ва захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин СNN бо истинод аз манобеаш дар Пентагон хабар медиҳад, ки Русия то имрӯз 160 мушак ба Украина партоб кардааст.
Артиши Украина эълон кард, ки нирӯҳои украинӣ давоми рӯзи 24 феврал, рӯзи аввали набард ба зидди артиши Русия 30 тонк, 5 ҳавопаймо ва 6 чархболи артиши Русияро аз байн бурдаанд.
Русия дар бораи талафоти ҷонибҳо то ҳол хабари расмие надодааст, вале Алексей Арестович, яке мушовирони Дастгоҳи Президенти Украина дар бораи кушта шудани ҳудуди 450 нафар аз нерӯҳои Русия дар рӯзи аввали задухӯрдҳо хабар дод.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.