Хабар УМУМӢ

Тоҷикистон: 98 сомонӣ дар баробари 1000 рубли русӣ

Дар бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон болоравии қурби пули миллӣ-сомонӣ ба таври камсобиқа мушоҳида шуда, арзиши 1000 рубли русӣ ба 98 сомонӣ баробар шудааст. Акс: Интернет Гуфта мешавад, қурбли рубли русӣ пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои кишварҳои Ғарб бо шумули Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Канада ва Бритония тайи 5 рӯзи ахир […]

Дар бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон болоравии қурби пули миллӣ-сомонӣ ба таври камсобиқа мушоҳида шуда, арзиши 1000 рубли русӣ ба 98 сомонӣ баробар шудааст.

Акс: Интернет

Гуфта мешавад, қурбли рубли русӣ пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои кишварҳои Ғарб бо шумули Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Канада ва Бритония тайи 5 рӯзи ахир ба шиддат суқут кардааст. Суқути қурбли рубли русӣ дар баробари ҳама намуди арзҳои хориҷӣ, аз он ҷумла пули миллӣ-сомонӣ низ ба назар мерасад ва ҳамоно дар биржаҳои онлайнии арзҳо беқурбшавии рубли русӣ идома дорад.

Мавзӯъҳои марбут