Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба расонаҳо гуфтааст, ки амалиёти инизомии ин кишвар дар хоки Украина то таҳқиқи аҳдофашон идома меёбад. Акс: Интернет Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” ба нақл аз Вазири дифои ин кишвар хабар додааст, ки Сергей Шойгу гуфтааст: “Нерӯҳои мусаллаҳи Русия амалиёти низомии худро то расидан ба ҳадафҳои худ дар Украина идома медиҳад.” […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба расонаҳо гуфтааст, ки амалиёти инизомии ин кишвар дар хоки Украина то таҳқиқи аҳдофашон идома меёбад.
Акс: Интернет
Хабаргузории давлатии Русия “Тасс” ба нақл аз Вазири дифои ин кишвар хабар додааст, ки Сергей Шойгу гуфтааст: “Нерӯҳои мусаллаҳи Русия амалиёти низомии худро то расидан ба ҳадафҳои худ дар Украина идома медиҳад.”
Вазири дифои Русия дар бораи ҳадафҳои ҳуҷуми нерӯҳои русӣ ва ҳамлаҳои онҳо мегӯяд, ки қасди ишғоли Украинаро надоранд, ва таъкид мекунад, ки “муҳимтарин чиз барои мо муҳофизати Федератсияи Русия аз таҳдидҳои Ғарб аст, ки талош мекунад аз мардуми Украина дар мубориза алайҳи мо истифода кунад.”
Аммо амалан Русия Қрим, яке минтақаҳои аз лиҳози стротегӣ хели муҳими Украинаро дар соли 2014 ишғол кард ва дирӯз дар рафти музокироти ду кишвар барои расидан ба сулҳ ҳам таъкид карда, ки давлати Украина бояд ишғол ва пайвастани Қримро ба расмият бишносад. Русия шоми 21-уми феврали соли ҷорӣ Луганск ва Донетск, ду минтақаи ҷудоихоҳи Украинаро ба расмият шинохт ва соти 04:00 субҳи 24 феврали соли 2022 ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз кард.
Гуфта мешавад, ҳуҷуми Русия ва ҳамлаҳои он тайи шаш рӯзи ахир аз се меҳвар, заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ ба бузургшаҳрҳои Украина, аз ҷумла пойтахти ин кишвар шаҳри Киев идома дорад. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо Украина хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ ва модиеро мутаҳаммил шудааст.
Дар муқобил, Украина мегӯяд, бо тамоми тавон аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли худ дар баробари таҷовузҳои Русия қотеъона ҳимоят мекунад. Инчунин давлати Уркаина аз дигар кишварҳои дунё хоста, ки бо он кумак кунанд ва ба ҳар василае, ки тавони онро доранд, бар зидди ин ишғолгариҳои нерӯҳои Русия муқобила кунанд.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.