Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти қарибулвуқӯъи Владимир Путин бо Владимир Зеленский хабар медиҳанд. Акс: Интернет Бино ба иттилои бархе расонаҳои русӣ ба нақл аз CNN, 10-уми марти соли 2022 Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Тукрия пас аз анҷоми музокироти вазирони умури хориҷии Русия ва Украина дар шаҳри Анталия дар ҳузур хабарнигорон гуфта, ки Владимир Зеленский хостори […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти қарибулвуқӯъи Владимир Путин бо Владимир Зеленский хабар медиҳанд.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои бархе расонаҳои русӣ ба нақл аз CNN, 10-уми марти соли 2022 Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Тукрия пас аз анҷоми музокироти вазирони умури хориҷии Русия ва Украина дар шаҳри Анталия дар ҳузур хабарнигорон гуфта, ки Владимир Зеленский хостори мулоқот бо ҳамтори русиаш шуда буд ва Путин гуфта, “зид нест”, ки бо вай сари мизи музокирот рӯбарӯ бинишинад.
Ҳамзамон хабаргузории Форси Эрон ба нақл аз баъзе манобеи наздик ба Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия хабар дода, ки “мумкин аст дар ояндаи наздик дидори Владимир Путин бо Владимир Зеленский имконпазир шавад.”
Инчунин “РИА Новости” низ ба нақл аз сухангӯи Президенти Туркия Иброҳим Калин хабар дода, ки мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар ояндаи наздик имконпазир аст ва ба ин бовар кардан асос вуҷуд дорад.
Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров ҳам дар суханронии худ дар Анталия таъкид кард, ки раисҷумҳури Русия “Путин аз мулоқот бо Президент Зеленский худдорӣ намекунад. Умедворем рӯзе чунин зарурат ба миён ояд. Аммо барои ин корро кардан корҳои муқаддимотие, ки дар нишастаҳои сеҷонибаи Белорус, Украина ва Русия довом доранд, бояд ба анҷом расонида шаванд.”
Влдамир Зеленский дар охири ҳафтаи гузашта низ хитоб ба ҳамтои русиаш гуфта буд, ки “ман ҳамсояам, набояд мисли Макрон ва Шолтс аз масофаи 30 митр бо ман мулоқот кунад, ман газанда нестам.., кишварро тарк кунад, агар тарк кардан намехоҳад сари мизи музокиро бо ман бинишанд.”
Хабар дар бораи эҳтимоли дидори сарони Русия ва Украина дар ҳоле ба сархати расонаҳои дунё роҳ ёфтааст, ки Владимир Зеленский борҳо аз тариқи расонаҳо хостори мулоқот бо Владимир Путин шуда, раисҷумҳури Русияро ба чолиш кашида буд, аммо дар муқобил то кунун ҳеч бор Президенти Русия расман ба вай посух надода ва нагуфтааст, ки барои мулоқот бо ҳамтои украианиаш омодааст ё хайр?
Бо ин вуҷуд, дар давоми 14 рӯзи ахир ҳайъатҳои музокиракунандаи Русия ва Украина се маротиба дар Белорус ва дирӯз ҳам вазирони умури хориҷии ҳар ду кишвар дар Туркия бо ҳам дидор музокироте доштанд, тамоми ин чор даври музокирот бенатиҷа ба анҷом расиданд.
Ҷанг дар Украина 16 рӯз боз идома дорад, Русия ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои Украина густариш дода, ба гуфтаи Сергей Лавров кишвараш “амалиёти махсуси низомиро дар Украина идома медиҳад.” Аз ҷониби дигар лаҳза ба лаҳза теъдоди қурбониёни ин ҷанг ва паноҳҷӯёни ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Аммо мақомоти Украина нерӯҳои Русияро иғшолгар номида мегӯянд, аз кишвар ва сарзаминашон дифоъ карда, ҳамзамон барои расдан ба оташбаси доим талошҳои худро идома медиҳанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.