Хабар
УМУМӢ
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус $25 млн-и дигар дарёфт кард
Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба Тоҷикистон $25 млн-и дигар барои мубориза бо COVID-19 медиҳад. Акс: Интернет Бино ба иттилои Вазорати молия 14-уми марти соли ҷорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд созишнома барои маблағгузории сеюми иловагӣ дар доираи Лоиҳаи мубориза бо COVID-19 ба имзо расид. Ин созишномаро Вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва намояндаи доимии Бонки […]
Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба Тоҷикистон $25 млн-и дигар барои мубориза бо COVID-19 медиҳад.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои Вазорати молия 14-уми марти соли ҷорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд созишнома барои маблағгузории сеюми иловагӣ дар доираи Лоиҳаи мубориза бо COVID-19 ба имзо расид.
Ин созишномаро Вазири молияи Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли ба имзо расониданд.
Арзиши умумии лоиҳа 25 миллион долларро ташкил дода, татбиқи он соли 2022 оғоз шуда, 31-уми июни соли 2023 ба охир мерасад.