Хабар УМУМӢ

Ба Тоҷикистон боз наздики 200 ҳазор воя ваксин ворид гашт

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3-уми апрел ба кишвар 198 ҳазору 900 воя ваксини бар зидди Covid-19 навъи “Pfizer-BioNTech” ворид гашт. Акс: Интернет Гуфта мешавад, ин ваксинаҳо дар чорчӯби механизми ҷаҳонии КОВАКС-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 ва эмкунии шаҳрвандон ба кишвар ворид гаштааст. […]

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3-уми апрел ба кишвар 198 ҳазору 900 воя ваксини бар зидди Covid-19 навъи “Pfizer-BioNTech” ворид гашт.

Акс: Интернет

Гуфта мешавад, ин ваксинаҳо дар чорчӯби механизми ҷаҳонии КОВАКС-и Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 ва эмкунии шаҳрвандон ба кишвар ворид гаштааст. Аммо дар бораи дақиқан аз кидом кишвар ворид гаштани ин ваксинаҳо дар хабар чизе гуфта намешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори охир рӯзи 17-уми март омори гирифторони беморони COVID-19-ро нашр карда, ки тибқи он аз оғози инштори ин беморӣ дар кишвар 17388 нафар мубтало гашта, 124 нафари дигар фавтидаанд.

Аммо оморҳои ғайрирасмӣ гирифторони ва фавтидагони шаҳрвандонро аз ин беморӣ ба маротиб бештар аз омори Вазорати тандурустӣ арзёбӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои марбут