Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боз шудани парвандае хабар дод, ки гумонбар бо роҳи фиреб аз худ кардани наздики ним миллион доллар муттаҳам мешавад.
Акс: ИнтернетТавре дар хабари вазорат омада, ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо иддаои як сокини 45-солаи пойтахт дар бораи бо роҳи фиреб рабуда шудани 406 ҳазор доллари амрикоияш аз ҷониби як сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд ва як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе парванда боз када, таҳқиқро оғоз кардааст.
Гуфта мешавад, “15-уми феврали соли 2021, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои равнақ додани тиҷорати сӯзишворӣ аз ӯ 406 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.”