Хабар УМУМӢ

Боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Бодканд хабар дод. Акс: Интернет Кормандони КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ 11 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар анбори ангишти шаҳри Сулукту фаъолият доштанд, боздошт караанд. Мақомоти қудратии Қирғизистон иддао доранд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин нуқта ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул […]

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Бодканд хабар дод.

Акс: Интернет

Кормандони КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ 11 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар анбори ангишти шаҳри Сулукту фаъолият доштанд, боздошт караанд.

Мақомоти қудратии Қирғизистон иддао доранд, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин нуқта ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи боздоштшудаҳо зода ва сокинони Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд будаанд.

Нисбати ин 11 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 378-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марз” парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, онҳоро ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол боздошти шаҳрвандонашро дар Қирғизистон шарҳ надодааст.

Мавзӯъҳои марбут