Хабар УМУМӢ

Боздошти ҳамсари раиси парлумони ИМА дар ҳолати мастӣ

Шавҳари раиси Маҷлиси намояндагони ИМА бо иттиҳоми дар ҳолати мастӣ рондани мошин боздошт шуд. Акс: ИнтернетАкс аз ББС Ба иттилои ББС, Пол Пелосӣ, ҳамсари Нэнси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст. Ба гуфтаи пулис, оқои Пелосии 82-сола шаби шанбе дар Напа, дар шимоли Сан-Франсиско боздошт шудааст. Пол […]

Шавҳари раиси Маҷлиси намояндагони ИМА бо иттиҳоми дар ҳолати мастӣ рондани мошин боздошт шуд.

Акс: Интернет
Акс аз ББС

Ба иттилои ББС, Пол Пелосӣ, ҳамсари Нэнси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи пулис, оқои Пелосии 82-сола шаби шанбе дар Напа, дар шимоли Сан-Франсиско боздошт шудааст.

Пол Пелосӣ бо иттиҳоми вайрон кардани ду қоидаи ронандагӣ боздошт ва бо пардохти 5 ҳазор доллар ҷарима раҳо шудааст.

Сухангӯи хонум Пелосӣ гуфта, ки вай дар замони рух додани ҳодиса ҳузур надошт ва дар ин бора чизе намегӯяд. Ҳар дуи онҳо тақрибан 59 сол боз бо ҳам якҷоя зидагӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои марбут