Ба гуфтаи вай, баъд аз боздошт ва тамошои охирин суҳбати Далери Имомалӣ, сахт аз “сохтор”, “бале балеҳо” ва “умедҳои бардурӯғ” дилмонда шудааст. Чун дар охирин мусоҳибае, ки рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар шабакаи ютубии “SM Sharipov” дошт Далер “бо умед аз волоияти қонун” мегуфт.
Дар ин навор, ки Пирмуҳаммадзода хеле зиқ менамуд ва мегӯяд, ӯ ва Далери Имомалӣ дар ягон баромадашон нагуфта буданд, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқ метавонад ба ҷону саломатии як рӯзноманигор таҳдид кунад ва онҳо инро надида буданд.
Дар идома Пирмуҳаммадзода аз таҳидҳои болояш омада мегӯяд ва таъкид мекунад, ки “аз имрӯз эътиборан ман дигар намегӯям, ки таҳдид нашудаам ва намешавам. Чун аллакай таҳдид ба шикастан, рехтан ва таҳдид ба таҳхонае рафтан шудам ва мехоҳанд бо ин маро тарс диҳанд”. Аммо ин рӯзноманигори шинохта дақиқ намегӯяд аз тарафи кӣ ё кадом сохтор ӯ таҳдид шудааст.
Пирмуҳаммадзода таъкид мекунад, ки ҳар корере ки анҷом додааст барои ислоҳи камбудиҳои ҷомеа будааст то мардум рӯ ба беҳбудӣ оваранд.
Инчунин Пирмуҳаммадзода меафзояд, болои ин ҳама таҳдидҳо,”фейкҳо” низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳдид гузашта, мехоҳанд ӯро бо равона намудан ба зиндон ва шиканҷа кардан, тарсонанд, то аз ин корҳояш даст бардорад. Аммо Пирмуҳаммадзода мегӯяд ягона чизе, ки ӯро аз корҳояш боз медорад, ин марг аст.
Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ машғул аст.