Намояндаи Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост аз Путин мизбонӣ накунад
Яке аз намояндаҳои Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки аз Владимир Путин мизбонӣ накунад. Акс: Интернет Рӯзи 27-ми июни 2022, Урмас Пает (Urmas Paet), сиёсатмадори аҳли Эстония ва намояндаи ин кишвар дар Парлумони Аврупо дар вокуниш ба ҳамлаи рокетии Русия ба як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Кременчуки Украина аз Тоҷикистон даъват кардааст аз […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Яке аз намояндаҳои Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки аз Владимир Путин мизбонӣ накунад.
Акс: Интернет
Рӯзи 27-ми июни 2022, Урмас Пает (Urmas Paet), сиёсатмадори аҳли Эстония ва намояндаи ин кишвар дар Парлумони Аврупо дар вокуниш ба ҳамлаи рокетии Русия ба як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Кременчуки Украина аз Тоҷикистон даъват кардааст аз Президенти Русия мизбонӣ накунад.
Дар пайи ҳамлаи мушакии Русия ба маркази тиҷории шаҳри Кременчуки Украина 18 нафар кушта ва 59 каси дигар захми шуданд ва ин ҳамла маҳкумияти ҷаҳониро дар пай доштааст.