Додситонии кулли Ҷумҳурии Озарбойҷон 19-уми июл хабар дод, ки шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғоева Маҳбуба Абдусамиевнаро боздошта ва ба Тоҷикистон супурд.
Акс: ИнтернетТавре расонаи “Trend” бо истинод ба Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод, хонум Маҳбуба бо иттиҳоми “қаллобӣ ва расонидани зарари махсусан калон” ва бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
“Додситонии кулли Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузории миллӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Озарбойҷон ҳам узви он аст, ба Додситонии кулли Озарбойҷон барои истирдоди Мирзоғоева Маҳбуба Абдусамиевна, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст, дархост ирсол намуд, то вай ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.”, омадааст дар хабар.