Хабар УМУМӢ

Дар Истаравшан шавҳар ҳамсари худро буғӣ карда кушт

Як сокини 36-солаи шаҳри Истаравшан ҳамсари 27-солаи худро дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ буғӣ карда куштааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. Акс: Интернет Тавре ВКД хабар медиҳад, шавҳар ҳамсари худро дар аввал лату кӯби шадид намуда, сипас буғӣ карда куштааст. Ин ҳодиса 1-уми август дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд рух додааст. Аммо […]

Як сокини 36-солаи шаҳри Истаравшан ҳамсари 27-солаи худро дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ буғӣ карда куштааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Акс: Интернет

Тавре ВКД хабар медиҳад, шавҳар ҳамсари худро дар аввал лату кӯби шадид намуда, сипас буғӣ карда куштааст. Ин ҳодиса 1-уми август дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд рух додааст. Аммо дар кадом деҳа рух додани он дар хабари гуфта нашудааст.

Дар шарҳи хабар гуфта мешавад:

“марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 1 августи соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо ҳамсараш ҷавонзани 27-сола, бо дасту пойҳояш ба узвҳои муҳими бадани ӯ зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, сипас бо роҳи бӯғӣ намудан ӯро ба ҳалокат расонидааст.”

Ба иттилои Вазорати дохилаи кишвар, нисбати шахси боздоштшуда бо ҷурми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аммо назари худи боздоштшуда ва наздиконаш дар бобати ин қазия дастрас нест.

Мавзӯъҳои марбут