Абдулобеков 29 сол дошта, зодаи шаҳри Хоруғ мебошад. То ҳол сабаби аслии боздошт ва дар куҷо нигоҳдорӣ шудани ӯ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, фаъолони помирӣ аз Маскав рабуда шуда буданд ва чанде баъд дар наворе хабар доданд, ки дар Тоҷикистон назди кормандони интизомии кишвар қарор доранд.
Пештар аз ин, бо қарори додгоҳҳои Русия Руслан Пӯлодбеков, Ҷонибек Чоршанбиев, Муслим Наврӯзов, Чоршанбе Чоршанбеев ва чанд тани дигар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Ва қабл аз онҳо Амриддин Аловатшоев аз қаламрави Русия рабуда шуда буд.
Ҳамаи ин афрод зодагони ВМКБ буда, дар Русия кору фаъолият мекарданд ва қисме фаъолони диаспораи помирӣ буда, бар зидди саркӯби мақомоти тоҷик алайҳи аҳолии Бадахшон садо баланд карда буданд.