Русия Амрикоро сабабгори идома ёфтани ҷанд дар Украина донист
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Конфронси даҳуми Маскав бахшида ба амнияти байналмилалӣ гуфт, ки Амрико талош дорад ҷанг дар Украина идома ёбад. Акс: Интернет Вай дар муроҷиат ба ширкаткунандагон ва меҳмонони конфронси мазкур гуфт, “Вазъият дар Украина нишон медиҳад, ки ИМА талош дорад ин ҷангро идома бидиҳад.“ Путин дар суханронияш таъкид кард, ки тасмим дар […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Конфронси даҳуми Маскав бахшида ба амнияти байналмилалӣ гуфт, ки Амрико талош дорад ҷанг дар Украина идома ёбад.
Акс: Интернет
Вай дар муроҷиат ба ширкаткунандагон ва меҳмонони конфронси мазкур гуфт, “Вазъият дар Украина нишон медиҳад, ки ИМА талош дорад ин ҷангро идома бидиҳад.“
Путин дар суханронияш таъкид кард, ки тасмим дар бораи оғози ин ҷанг, ки худи ӯ онро “амалиёти махсуси низомӣ дар Украина” меномад, комилан мувофиқи Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид сурат гирифтааст. Аммо Амрико ва кишварҳои Ғарбӣ ин ҷангро мухолиф ба Оинномаи СММ ва таҷовузи Русия ба Украина медонанд.
Путин дар ин конфронс изҳор дошт, ки дар ҷанги Украина комилан ба ҳадафҳои худ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳо иборат аз “таъмини амнияти Русия ва шаҳрвандони он ва инчунин таъмини амнияти сокинони Донбасс ва ҳифзи онҳо аз наслкушӣ буд, ки комилан иҷро шуд“.
Путин дар хитоб ба Амрико гуфт, ки ӯ “барои ҳифзи фародастӣ ва салтанати худ дар ҷаҳон “барои мардуми Украина сарнавишти қурбонии тӯпҳо шуданашонро омода карда, лоиҳаи “зидди Русия”-ро амалӣ намуд ва ба нашри ғояҳои навмиллатгароёна, қатли оми сокинони Донбасс чашм пӯшида, режими Киевро бо аслиҳа, аз ҷумла аслиҳаи вазнин, таъмин карда ва то ҳол онро идома медиҳад.”
Аммо то ҳол мақомоти Амрико ба ин гуфтаҳои Путин вокунише накардааст.
Шуруъ аз 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаи низомияшро ба Украина оғоз кард. Ин амалкарди Русия аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ маҳкум шуд. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ барои даст кашидан аз ин ҷанг болои Русия таҳримҳои шадидеро ҷорӣ карданд. Инчунин тибқи оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар давоми тақрибан 6 моҳи ҷанг наздики 10 миллион украинӣ кишварашонро тарк карда ва садҳо ҳазори дигар дар дохили Украина овораву беҷо гаштаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.