22.9 C
Dushanbe

Ҳукми корманди собиқи “УБОП” эълон шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ ва хеши ӯ Исмоилҷон Шукуровро, ки дар рабудан ва қатли омӯзгори донишгоҳ Исмоил Раҳмонов даст доштаанд, содир кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 28-уми феврал баргузор шуда, додрас Акмал Юсуфзодаро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ, одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор дониста, ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст. Худи Юсуфзода ва вакили дифоаш иддао кардаанд, ки ин корманди собиқи ВКД қасди куштани омӯзгорро надоштааст.

Аммо хеши ӯ, Исмоилҷон Шукуров танҳо ба одамрабоӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст.

Пештар вакилони дифои Шукуров гуфта буданд, ки зерҳимояашон аз рабудани омӯзгор хабар надошт ва фикр кардааст, ки дар рабудани кадом ҷинояткор кумак мерасонад.

То ҳол назари наздикони ҳарду ҷониб дастраси расонаҳо нашудааст ва маълум нест аз болои ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд ё на.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгор Исмоил Раҳмонов, ки ҳамроҳи ҳамсари Акмал Юсуфзода дар донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон кор мекард, рӯзи 12-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе рабуда ва нопадид шуда буд.

Дертар маълум шуд, ки Исмоил Раҳмоновро подполковники Вазорати корҳои дохилӣ, Акмал Юсуфзода рабуда ба ноҳияи Айнӣ мебарад ва баъд аз куштан ба дарёи Фон меандозад.

Додситонӣ сабаби ин ҳодисаро рашки Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо Исмоил Раҳмонов гуфта буд, аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар Донишгоҳи тиҷорат танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.

Гуфта мешавад, ҷасади омӯзгор Исмоил Раҳмонов то ҳол пайдо нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.

Дар Русия мехоҳанд шумори имтиҳони такрорӣ барои муҳоҷирон маҳдуд шавад

Вакилони Думаи давлатии Русия масъалаи кам кардани шумори такроран супоридани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон баррасӣ карданд.

Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими "алифбои ниёгон"-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Семент дар бозорҳо камёб шудаст. Нархи хонаҳо ҳам гарон мешавад?

Чандест дар бозорҳои кишвар муҳимтарин маводи сохтмонӣ - семент камёб шуда, нархи он ҳам назар ба моҳҳои пеш хеле гарон шудааст.