Президенти Қазоқистон дар ҳодисаҳои хунин ва кушта шудани даҳҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллият кард, вале Президенти Тоҷиикстон онро “қабул” накардааст. Акс: Интернет Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Қазақистон 19-уми сентябри солои 2022, Қосим-Жомарт Тоқаев ба намояндагӣ аз мардуми Қазоқистон ва аз ҷониби худ бо ирсоли як барқияи изҳори тасаллият дар […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Президенти Қазоқистон дар ҳодисаҳои хунин ва кушта шудани даҳҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллият кард, вале Президенти Тоҷиикстон онро “қабул” накардааст.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Қазақистон 19-уми сентябри солои 2022, Қосим-Жомарт Тоқаев ба намояндагӣ аз мардуми Қазоқистон ва аз ҷониби худ бо ирсоли як барқияи изҳори тасаллият дар бораи куштаҳои ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон таъзият гуфт.
Дар ин тасаллиятномаи Қосим-Жормат Тоқаев омадааст, ки “мо ин ҳодисаҳои ғамангезро дар кишварҳое, ки бародар ва наздики мо ҳастанд бо нигарониҳои зиёд дарк мекунем. Қазоқистон қотеона ҷонибдори он аст, ки ҳама гуна ихтилофот дар минтақа танҳо бо роҳи осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шавад.”
Ба қавли манбаъ, Президенти Қазоқистон дар ҳимоят аз хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаҳои хунин ба назкидону пайвандони онҳо низ изҳори ҳамдардӣ карда, ба захмишудагон шифои комил ва фаврӣ орзу кардааст.
Дар ин рӯзҳо ҳар чанд бархе аз намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар минтақаҳо ҳангоми интиқолои ҷанозаи кушташудаҳо ва ба наздикону пайвандони онҳо рафта изҳори тасаллият ва аз номи президент ҳам таъзия баён карданд, аммо худи Эмомалӣ Раҳмон расман то ҳол барои ин қурбониён изҳори ҳамдарӣ накардааст.
Инчунин вай барои захмиҳо шифо ҳам нахостааст ва барои зарардидаҳо, ки теъдодашон ба садҳо нафар мерасад, изҳори ҳамдардӣ низ накардааст. Ҳатто дар суҳбатҳояш бо Президенти Русия ва Президенти Ӯзбекистонҳам ин маъсаларо дуюм ва сеюмдараҷа баҳо дода, бо беэтиноӣ аз он убур кард.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.