Корвони мошинҳои пурбор иборат аз кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ дар вилояти Суғд расидааст. Акс: Интернет Ирмӯз, 22-уми сентябри соли 2022 Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки аз “шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид. […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Корвони мошинҳои пурбор иборат аз кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ дар вилояти Суғд расидааст.
Акс: Интернет
Ирмӯз, 22-уми сентябри соли 2022 Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки аз “шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид. Айни замон корвони мошинҳои пурбор ба шаҳри Исфара расид.”
Ба қавли манбаъ, ин кумакҳо “аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.”
Раҳбарияти вилояти Суғд мегӯяд, ин кумакҳо ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда дар “ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”-ро дар бар мегиранд.
Пеш аз ин раванди кумакрасонӣ ба мардуми зардида аз ҷониби мардум, тоҷирон ва афроди саховатманду мақомоти маҳаллӣ низ дар минтақа оғоз шуда буд ва то ҳол корҳои хайр идома дорад.
Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини минтақаҳои наздимарзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар торихи соҳибистиқолии ҳар ду кишвар бори аввал буд ба ин ҳади зиёда кушта ва захмӣ ба ҷо гузоштааст.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.