Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттиҳидаи Амрико (ИМА) мулоқот карда, масъалаҳои марзӣ бо Афғонистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Акс: ИнтернетБино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар бо Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар шаҳри Ню-Йорк дидору гуфтугӯ карданд.
Ба қавли манбаъ, дар ин дидор “муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.”