Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 20-уми марти соли 2024 Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Меҳмет Самсар, сардори Сарраёсати ҳамкориҳои сиёсии кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шариқии Вазорати корҳои хориҷии Туркия дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Дар рафти ин мулоқот ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Тукрия низ ҳузур доштанд, ҷонибҳо “ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, амнияту мудофиа ва илмию фарҳангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ”-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шудааст, ки дирӯз, 20-уми марти соли ҷорӣ бархе расонаҳои Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мақомоти Туркия Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия, ки чанде пеш дар ин кишвар нопадид шуда буданд, боздошт ва ба Тоҷикистон таслим кардаанд. Бар асоси ин хабарҳо, мақомоти Тоҷикистон чанд рӯз пеш ҳар дуи онҳоро тавассути ширкати “Сомон-Эйр” аз Истанбул ба Душанбе интиқол додаанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри як матлаб гуфт, ин хабари истирдоди ғайриқонунии онҳоро ба Тоҷикистон “тасдиқ ва ё рад намекунад, зеро ягон хабари дақиқ аз манобеи расмӣ ба даст наовардааст, лекин чанд ҳолат моро нигарон кардааст, ки нишоне аз як муъомила байни мақомти турку тоҷикро медиҳад.”

Гуфта мешавад, ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва Туркия пас аз соли 2014 раванди тозаеро ба худ касб кард. 5-уми марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Истанбул кушта шуд. Туркия бо гузаштаи 9 сол то ҳол қотилону омилон ва фармоишгарони ин қатлро ба расонаҳо фош накардааст.

Тирамоҳи ҳамон сол пас ҳодисаҳои сентябр дар шаҳри Душанбе иддае аз мухолифини исломӣ ва сиёсии Тоҷикистон ба Туркия панаҳ бурданд, мақомоти амниятии Тоҷикистон вориди амал шуда, аз ҳамтоёни турки худ хостанд, ки аз мизбонии ин теъдод аз мухолифини тоҷикистонӣ даст бардорад, мақомоти турк ҳам соле нагузашта аксари онҳоро маҷбур карданд, ки хоки он кишварро тарк кунанд.

Дар муқобил Душанбе низ литсейҳои туркиро, ки зери чатри созмони туркӣ бо номи Шалола дар Тоҷикистон амал мекарданд, қатъ кард ва самти фаъолияти онҳоро тағйир дод. Инчунин бозори тиҷорату саёҳати мухолифини Туркияро ҳам маҳдуд кард. Тоҷикистон чанд моҳе пештар яке аз раҳбарони маҳаллии мухолифини Ардуғонро, ки солҳо боз дар Душанбе кору фаъолият дошт, боздошт ва ба Анқара таслим карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.

Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки "Ҳумо"-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.