-0.1 C
Dushanbe

Боздошти ду муҳоҷири дигари тоҷик дар пайи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”

Ба як муҳоҷири тоҷик дар Русия барои дуруст шуморидани ҳамлаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Кумитаи тафтишотии Русия 27-уми марти соли ҷорӣ, аз боздошти Баҳодур Зуҳуров, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми “сафедкунии оммавии терроризм” хабар дод.

Зуҳуров дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба иддаои мақомоти рус, ӯ дар зери видеои ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав дар шабакаи “Телеграм” шарҳ навиштааст, ки ҳамчун “сафедкунии терроризм” арзёбӣ мешавад.

Инчунин навореро Кумитаи тафтишоти Русия нашр кардааст, ки дар он муҳоҷири тоҷик маъзарат хоста, мегӯяд, “дигар ин кор такрор намешавад”.

Нисбати Баҳодур Зуҳуров бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва ё таблиғи терроризм” (моддаи 205.2, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, айни замон масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Пештар аз ин додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Аҳмад Файзуллохонзода барои нақзи қонуни муҳоҷират 5 ҳазор рубл ҷарима ва аз ин кишвар ихроҷ кард.

Ба иддаои сухангӯи додгоҳи Санкт-Петербург Даря Лебедева, ин муҳоҷири тоҷик гӯё узви гурӯҳи телеграмие будааст, ки “ДИИШ” тавассути он одамонро ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекардааст ва шахсоне, ки дар “Крокус Сити Ҳолл” ҳамлаи террористӣ анҷом доданд, тавассути ин канал ҷалб шуда будаанд.

Инчунин Файзуллохонзода рӯзи 19-уми январи соли 2024 ба Русия рафта, баъд аз гирифтани патент худро дар минтақаи Фуражний номнавис кардааст, вале дар ҷойи дигар кору зиндагӣ мекард.

То ҳол назари ин муҳоҷири тоҷик ба иттиҳҳомоти мақомоти Русия дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш рух дод ва он бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 140 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия дар пайи ин ҳодиса 11 нафарро боздошт кард, ки то ҳол номи ҳашт нафари онҳо расонаӣ шудааст.

Аз ҷумла, додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав пушти дарҳои баста, чор зодаи Тоҷикистон, Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум карда буд.

Мақомоти рус ин чор зодаи Тоҷикистонро гумонбарони асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи даҳҳо нафар дар “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва ба мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон оварданд.

Инчунин ҳамин додгоҳ падар ва ду писараш – Исроил Исломови 62-сола, Аминҷон Исломови 32-сола ва Диловар Исломови 24-соларо бо иттиҳоми кумак ба терроризм барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Аммо падару писаронаш гуфтаанд гуноҳе надоранд ва айбномаи мақомоти рус, бахусус Кумитаи тафтишоти ин кишварро, ки ба боздошту зиндонӣ кардани онҳо пофишорӣ намуд, рад кардаанд.

Ба иддаои мақомоти рус, Диловар Исломов охирин соҳибмулки мошине будааст, ки дар ҳамла ба толори консертӣ истифода шудааст. Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат монда, ҳамроҳи бародараш ба шуъбаи пулис рафта, баёнот додааст.

Ҳамзан дар робита ба ин ҳодиса як соҳибкори қирғиз Алишер Қосимов, ки шаҳрвандии Русияро дорад боздошт ва ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, Алишер хонаашро ба Фариддуни Шамсиддин иҷора дода будааст. Худи Алишер Қосимов дар мурофиа гуфтааст, ки гуноҳе надошта, аз нақшаи хуҷум ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар надошт ва намедонист, ки нафари иҷорагир “террорист” аст.

Пас аз ин ҳодиса, ки ба иддаои мақомоти рус дар он гумонбарони асосӣ зодагони Тоҷикистонанд хабарҳо нашр мешавад, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия фишор болои муҳоҷирони тоҷик бештар шуда, онҳо аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд ва муҳоҷиронро гурӯҳ гурӯҳ аз Русия ихроҷ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.