Хабар УМУМӢ

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё маълум шуд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии футболи “Ҷоми Осиё-2023” дар гурӯҳи “С” бозӣ хоҳад кард. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи ФФТ Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки имрӯз, 26-уми октябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ (“А”, “В”, “С” ва “D”) тақсим шуданд, ки ҳар гурӯҳ аз чаҳор мунтахабӣ иборат аст.  Мунтахаби ҷавонони […]

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии футболи “Ҷоми Осиё-2023” дар гурӯҳи “С” бозӣ хоҳад кард.

Акс: Интернет
Акс аз сомонаи ФФТ

Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки имрӯз, 26-уми октябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ (“А”, “В”, “С” ва “D”) тақсим шуданд, ки ҳар гурӯҳ аз чаҳор мунтахабӣ иборат аст.  Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи “С” қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард.

Акс: Интернет

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) “Ҷоми Осиё-2023” миёни ҷавонон аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон баргузор мегардад.

Пас аз ҷамъбасти “Ҷоми Осиё-2023”, чаҳор мунтахаби беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат пайдо мекунанд.

Мавзӯъҳои марбут