13.9 C
Dushanbe

Навори нави чор гумонбари ҳамла ба “Крокус”

Хадамоти федералии амнияти Русия навори ыадиде аз бозпурсии чаҳор гумонбари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Красногорскро нашр кард.

Ин навор, ки рӯзи 7-уми апрел нашр шудааст, дар он ҳар чаҳор гумонбар аз Тоҷикистон бо забони русӣ суҳбат мекунанд. Ин дар ҳолест, ки пас аз боздошт Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов тавассути тарҷумон суҳбат карда буданд.

Ҳар чаҳор гумонбар дар бозпурсӣ ба дурбин нигоҳ накарда, танҳо як гапро такрор мекунанд, ки гӯё нафаре бо номи “Сайфулло” ба онҳо гуфтааст, ки пас аз ҳамлаи террористӣ “ба самти Киев” раванд.

Ду нафар аз гумонбарон Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷалибзода дар ин навор мегӯянд, бо расидан ба Киев ҳар кадомашонон бояд соҳиби як миллион рублӣ мешуданд. Дар ҳоле, ки Фариддуни Шамсиддин ҳангоми боздошт гуфта буд, ки ёвари як рӯҳонӣ дар Телеграм бар ивази ҳамла ба “Крокус” ба ӯ 500 ҳазор рубл ваъда додааст.

Муҳаммадсобир Файзов инчунин дар ин навор мегӯяд, дар марзи Русия бо Украина онҳоро “бачаҳое, ки барои убури сарҳад ва расидан ба Киев кумак мекарданд” интизор буданд.

Аммо гуфтаҳои ду гумонбари дигар, Фаридун Шамсиддин ва Далерҷон Мирзоев каме фарқ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки “Сайфулло” ба онҳо гуфтааст, ки мошинро дар наздикии марз гузошта, баъд занг зананд ва ӯ онҳоро роҳнамоӣ мекунад.

Муаллифони ин навор иддао доранд, ки дар ҳоле ҳамлагарони “Крокус” ба марз сафар мекарданд, ки гӯё дар қаламрави Украина барои убури марз барояшон ду долон омода карда буданд. Худи муттаҳамон дар ин бора суҳбат намекунанд. Аммо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар рӯзи аввали баъди ҳамлаи террористӣ дар бораи долон дар марз бо Украина ҳарф зада буд.

Дар ин навор инчунин аксҳои парчами Украина, ки гӯё аз телефонҳои мобилии гумонбарон ёфт шудаанд, нишон дода шудааст.

Маълум нест ин чаҳор гумонбар дар чӣ шароите суҳбат кардаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуда, ба мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, ҳудуди 500 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт. Хадамоти амнияти федералии Русия иддао дорад, ки хадамоти махсуси Украина низ дар ин ҳамла даст дорад, аммо мақомоти Украина онро рад карданд.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то ҳол дар пайи ин ҳодиса 10 нафарро ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст, ки 9 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд. Аммо шумори боздоштшудаҳо бо иттиҳоми кумак ба ин ҳамла бештар буда, аксари онҳо низ зодагони Тоҷикистонанд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.

Ҳатто Владимири Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо мақомдоронаш гуфт, ки сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд “аз реша дигар шавад” ва ба онҳо супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд ва ВКД-и Русия низ тарҳи нави қонунеро пешниҳод, кардааст ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таҳдиди Толибон алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон

Як намояндаи Толибон ҳукумати Тоҷикистонро ба хотири ҳиҷоби исломӣро моли "фарҳанги бегона" донистан, таҳдид кард.

Раҳматилло Зоиров даргузашт

Собиқ раиси Ҳизби соатсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ дар пайи бемории тӯлонӣ дар синни 67-солагӣ аз дунё даргузашт.

HRW аз шарикони Тоҷикистон хост ҳодисаҳои хунин дар Бадахшонро фаромӯш накунанд

Бо гузашти ду сол аз эътирозҳои моҳи май дар Бадахшон ва кушта шудани даҳҳо сокини маҳаллӣ дар ин вилоят ҳамоно касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Паёми таслияти Раҳмон ва мухолифин ба мардуми Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи изҳори...