Илон Маск, молики ширкати Твиттер гуфтааст, ба маҳзи он, ки шахси муносиберо барои раҳбарии ин ширкат биёбад, аз раёсати он канор меравад.
Акс: ИнтернетИлон Маск, сарватмандтарин марди дунё, ки чанде қабл ширкати Твиттерро харида, раҳбарии онро бар уҳда гирифт, рӯзи 21-уми декабри соли 2022, эълон карда, ки омодааст раҳбарии ин ширкатро ба шахси муносиб таҳвил диҳад.
Пеш аз ин 19-уми декбари соли ҷорӣ Илон Маск бо баргузории як назарсанҷӣ дар саҳфаи худ дар Твиттер аз мухотабонаш хоста буд, ки барои рафтан аз раҳбарии ин ширкат ва ё мондан дар раъси он раъй диҳанд. Дар натиҷа беш аз 57 дарсади овоздиҳандагон дар ин назарсанҷӣ гуфта буданд, ки истеъфо диҳад. 42,5 дарсади дигар мондани ӯ дар раъси ин ширкатро хостор шуда буданд.