Алиев Алӣ, директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан аз ҷониби Агентии зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт шуд. Акс: ИнтернетАкс аз Интернет Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алиев Али, ки ба ҳайси директори корхонаи мазкур фаъолият дошт, аз як шаҳрванд […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Алиев Алӣ, директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан аз ҷониби Агентии зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт шуд.
Акс: ИнтернетАкс аз Интернет
Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алиев Али, ки ба ҳайси директори корхонаи мазкур фаъолият дошт, аз як шаҳрванд барои ӯро ба кор қабул кардан дар ин корхона дар ҳаҷми калон, яъне гирифтани 14 ҳазор доллар пора дар утоқи корияш дастгир шуд.
“Алиев Али Ашурович зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан маблағи 14000 доллари ИМА гирифта, боз овардани 50000 сомонии дигарро талаб кардааст.