Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ аз мақомоти кишварарш хоста, ки алайҳи бархе мақомодорон ва ниҳодҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунанд.
Ин созмони байналмилалӣ дар гузориши ахири худ вазъи диндорӣ ва озодиҳои динӣ дар ҷаҳонро давоми соли 2023 арзёбӣ карда, хулосаи онро аввали моҳи майи соли ҷорӣ нашр кардааст. Ин созмон Тоҷикистонро дар гурӯҳи “кишварҳои нигаронкунандаи хос” ва поймолкунандагони ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон шомил кардааст.
Дар гузориши ин созмон таъкид шуда, ки кишварҳои Бирма, Чин, Куба, Эритрея, Эрон, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳуқуқи озодии динӣ ва эътиқодии шаҳрвандонашонро ба атври ҷиддӣ нақз мекунанд.
“Соли 2023 шароити озодии дин дар Тоҷикистон вазнин боқӣ мемонад, зеро ҳукумат маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои динӣ ва ҷазо додани фаъолонро, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд идома медод.“, омадааст дар гузориш.
Муаллифон таъкид мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон таълими динӣ, воридот ва паҳнкунии адабиёти диниро маҳдуд карда, шаҳрвандонро ба хотири иҷрои ин амалҳо зиндонӣ мекунад. Ва инчунин гуфта мешавад, дар мавриди бақайдгирии масҷидҳо ва таъйини рӯҳониёни мусалмон маҳал ва шинос будан нақши асосиро мебозад.
Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ мегӯяд, “мисли солҳои пеш, ҳукумати Тоҷикистон афроде, ки қонуни динро вайрон карданд, онҳоро бо ҳабс, шиканҷа, ҷарима ва таъқиб ҷазо медиҳад.“
Дар гузориш низ қайд шуда, ки мақомоти тоҷик дар соли 2023 болои пайравони мазҳаби Исмоилӣ ва “Шоҳидони Яҳво” фишор овард ва ин фишорҳо сол ба сол шадидтар мешаванд.
Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро, ки бар пояи динӣ таъсис шудааст, бо баҳонаи интиқод аз шахси Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ “ифротгаро” хонда, барои саркӯби аъзоёнаш даст ба фишору таъқибҳои зиёд зад. “Ҳатто онҳоеро, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ба Тоҷикистон бармегардонад ва зиндонӣ мекунад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2023 ҳукумати Олмон Абдулло Шамсиддин, писари яке аз масъулини баландпояи ҲНИТ-ро ба Тоҷикистон ихроҷ кард ва ӯ дар он ҷо ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.”
Ҳамчунин гузоришгарон аз зӯран бастани масҷидҳо ҳангоми нарафтани сарбозон ба артиш дар вилояти Суғд ва дигар манотиқи кишвар ёдовар шудаанд.
Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ ба Вазорати корҳои хории кишвараш тавсия дода, ки ба Тоҷикистон фишор оварда шавад, то дар “Қонуни дин ва озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон” ислоҳот ворид кунад ва инчунин омӯзиши динӣ дар мактабҳо ҷорӣ шавад. Ҳамзамон ба ин вазорат тавсия дода, ки болои Тоҷикистон фишор биёрад, то “онҳоеро, ки барои фаъолияти осоиштаи динӣ ё мансубияти динӣ зиндонӣ шудаанд, фавран раҳо кунад”.
Яке аз тавсияҳои асосии ин созмони амрикоӣ ба мақомоти кишвараш ин аст, ки бар зидди он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои мақсаднок ҷорӣ кунад.
То ҳанӯз вокуниши мақомоти тоҷик вобаста ба ин гузориш дастарс нест. Аммо дар вокуниш ба гузоришҳои қаблӣ Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта буд, ки на “ҳама арзёбиҳои ин ниҳоди амрикоӣ баёнгари воқеият ҳастанд.”