9.9 C
Dushanbe

Афзоиши мавҷи нави муҳоҷират ба Олмон

Ба иттилои мақомоти Олмон, рӯзона то 700 паноҳҷӯи ҷадид ба ин кишвар ворид мешавад.

Тибқи иттилио расмии Идораи муҳоҷирати Олмон, аз аввали соли ҷорӣ беш 100 ҳазор паноҳҷӯи ҷадид вориди хоки ин кишвар шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон ин рақам афзоиш меёбад.

Идораи Федероли муҳоҷират ва паноҳандагон (BAMF) омори ҷадидеро ироа кардааст, ки бар асоси он, дар ҳоли ҳозир рӯзона 700 паноҳҷӯи ҷадид ба Олмон меоянд. Дар омор гуфта мешавад, ки аз аввали моҳи январ то поёни моҳи апрели соли ҷорӣ ин идора 84 ҳазору 984 дархости аввалияи паноҳандагӣ дарёфт кардааст.

Масъулини Идораи муҳоҷирати ин кишвар мегӯянд, то охири моҳи майи соли ҷорӣ эҳтимол шумори паноҳҷӯён аз марзи 100 ҳазор хоҳад гузашт.

Дар омор гуфта мешавад, аз ин шумора 26 ҳазору 193 нафар аз Сурия, 13 ҳазору 11 нафар аз Афғонистон, 11 ҳазору 789 нафар аз Туркия 3 ҳазору 685 нафар аз Ироқ будаанд.

Тибқи ин омор, аз шумораи умумии паноҳандагони ҷадид беш аз 11 ҳазораш кӯдакони поёни 4-сола ҳастанд ва ҳудуди 71,6% онҳо камтар аз 30 сол умр доранд.

Мақомоти кишварҳои аврупоӣ солҳои ахир қавонини худро нисбати қабули муҳоҷирон тағйир дода, раванди таҳқиқи парвандаҳоро аз 6 моҳ ба 3 моҳ ва ҳатто камтар аз он поён овардаанд. Ва инчунин дар ин авохир шумори ихроҷи муҳоҷирон аз кишварҳои аврупоӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданист

Дар Русия гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои муҳоҷиронро мехоҳанд...

3 шарти русҳо ба муҳоҷирони зиндонӣ

Мақомоти Русия садҳо зиндонии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро маҷбур...