8.9 C
Dushanbe

Манъи пӯшидани “ниқоб” дар Русия

Вакилони парлумони Русия лоиҳаи конун дар бораи манъи пӯшидани либосҳое, ки чеҳраро пинҳон мекунад, барои баррасӣ ба ҳукумат фиристодаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин тарҳи қонун аз ҷониби вакилони парлумон аз Ҳизби коммунистии Русия Михаил Матвеев ва Сергей Обухов омода шудааст.

Тибқи матни он агар шаҳрванд дар ҷои ҷамъиятӣ бо пӯшидани либосе, ки имкон надиҳад ҳуввияти ӯ шинохта шавад, аз 10 ҳазор то 15 ҳазор рубл ҷарима хоҳад шуд. Дар сурати такрори ин ҳолат ҷарима ба 30 ҳазор рубл мерасад.

Михаил Матвеев мегӯяд, ки ҳама нуқтаҳоро ба назар гирифта, пӯшидани рӯй танҳо бо сабабҳои тиббӣ, кор дар шароити зимистон ва дар иду ҷашнҳо (либоси бобои барфӣ) мумкин аст.

Дар тарҳи қонун калимаи “ниқоб” наомадаст, аммо гуфта мешавад ин қонун маҳз барои манъи пӯшидани ҳамин навъи лисоби исломӣ равона шудааст.

Бори аввал Матвеев дар нимаи моҳи апрел аз таҳияи тарҳи қонун дар бораи манъи пӯшидани либоси мазҳабӣ, ки рӯйро мепӯшонад, хабар дода буд. Ӯ он замон гуфта буд, ки яке аз ҳадафҳои ин қонун ҷилавгирӣ аз исломгароии тундгароист.

Аммо ин масъала пас аз пешниҳоди раиси Шӯрои ҳуқуқи башар Валерий Фадеев дар бораи манъи пӯшидани ниқоб доғ шуд. Фадеев гуфта буд, ки чунин мамнуиятҳо аллакай дар як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ шудаанд.

Муфтии Маскав Илдар Аляутдинов дар вокуниш ба ин тарҳи қонун гуфта буд, ки манъи пӯшидани ниқоб метавонад боиси хашми мусалмонони Русия шавад ва омода аст, масоили марбут ба пӯшидани ниқобро бо мақомот баррасӣ кунад.

Аммо баъдтар Матвеев бар хилофи суханҳои қаблияш гуфт, ки калимаи “ниқоб” дар лоиҳа нахоҳад буд ва ин қонун на ба хотири пешгирӣ аз либосҳои динӣ, балки танҳо барои масъалаҳои амниятӣ пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон низ ба моддаи 18-и қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид кард, ки тибқи он “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо” мамнуъ гардид. Дар пайи эълони ин қонун, мақомот дар кӯчаҳои Душанбе тафтишу бозҷӯиҳои зиёде болои занони сатрпушро гузарониданд. Ин амалкарди мақомоти тоҷик вокуниши ҷомеаи тоҷик, бахусус корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард.

Пештар аз ин мақомоти Узбекистон бо қабули қонуне пӯшидани бурқаро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнуъ эълон карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон пурра иҷро шудааст.

Эълони ҳукми ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуд

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербурги Русия 25-уми моҳи ҷорӣ ҳукми ронанди автобус Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон кард.

Афзоиши дархости паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Латвия

Мақомоти Латвия мегӯянд, онҳое, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Номаи як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба СММ

Як мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон бо навиштани номае ба Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои Туркия ва Тоҷикистон шикоят кардааст.