14.9 C
Dushanbe

Идомаи боздоштҳо дар Тоҷикистон

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи хориҷаи Тоҷикистон ва Акбаркашоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент аз ҷониби мақомот боздошту бозпурсӣ шудаанд.

Боздошти ин сиёсатмадорони бознишаста дар пасманзари боздошти собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, ки ба нақшаи “ғасби ҳокимият” гумонбар аст, рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Ҳамрохон Зарифӣ то рӯзи 16-уми июн дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, вале ҳоло маълум нест, ки ӯ то ҳол дар боздошт аст ё озод шудааст.

Ба иддаои манбаъ, боздошти вазири собиқ ба ҷинояти иқтисодӣ ва ба кораш дар сохтмони бинои Вазорати корҳои хориҷӣ рабт доштааст, аммо тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷойи дигар ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол пойгоҳи хабарии “Бомдод” навиштааст, ки мақомот Акбаршо Искандаровро низ ҳамроҳи ронандаи собиқаш боздошт кардаанд, аммо ронандаи ӯро баъди чанд рӯз ҷавоб додаанд. Гуфта мешавад, ин шахс 5 соли охир бо Искандаров кор намекардааст.

Дар бораи сарнавишти худи Искандаров ва ба чӣ гумонбар ё айбдор шудани ӯ иттилои дақиқе дар даст нест, аммо манобеи “Бомдод” гуфтаанд, ки 14-уми июн мақомот хонаи ӯро дар маҳаллаи Ҳаёти Нав кофтуков карда, “он рӯз чизи зиёд бароварда, бо худ бурданд”.

Пештар аз ин Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири шабакаи “Ислоҳ” ва Додоҷон Атовуллоев, раҳбари “Ватандор” аз боздошту бозпурсии беш аз 50 нафар собиқадорони Ҳукумат ва мухолифин, аз ҷумла собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ва собиқ қумондони оппозитсия ва аъзои Ҳукумат Саламшо Муҳаббатов, полковник ва собиқ сардори гурӯҳи зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ ва ғайраҳо хабар дода буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин боздошту бозпурсиҳои чеҳраҳои шинохтаи кишварро шарҳ надодаанд.

Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзодаро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.