Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Ҷопон масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 31-уми августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар бинои вазорат мулоқот кард.
Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо доктор Акиҳико Танака, Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), ки дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Тоҷикистон шудааст, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон суҳбат кардаанд.